Шоми дирӯз дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти геофизикӣ ва зилзиласанҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, такони замин рӯзи 7-уми ноябр дар соати 17-00 ба мушоҳида расида, шиддати он дар Душанбе 3-4 балро аз рӯйи дараҷаи Рихтер нишон додааст.
-Такони замин дар шаҳри Норак- 3, Хоруғ-4 дараҷа буда, маркази он дар 280 километрии пойтахти кишвар дар қаламрави Афғонистон мавқеъ дошт,-афзуд манбаъ. Дар ҳоли ҳозир дар мавриди хисороти молӣ ва ҷонӣ иттилое нарасидааст.{jathumbnail off}