2,5 соли зиндон барои нашри навори “Қатли тоҷик ва доғистонӣ”
Додгоҳе дар шаҳри Владимири Русия як сокини маҳалиро барои нашри видеои баҳсбарангези “Қатли тоҷик ва доғистонӣ” равонаи зиндон кардааст.
Бино ба иттилои Маркази иттилоотӣ-таҳлилии СОВА, додгоҳ Михаил Романовро дуюним сол аз озодӣ маҳрум сохтааст. Ин муҳлатро ӯ дар колонияи низомаш шадид пушти сар хоҳад кард.
Манбаъ мегӯяд, Романов 25 октябри соли 2014 дар саҳифааш дар “ВКонтакте” навореро нашр кардааст, ки ба видеои “Қатли тоҷик ва доғистонӣ” монанд аст. Додгоҳи шаҳрии Майкопи ҷумҳурии Адигея соли 2008 нашри ин наворро бо як қарор манъ карда буд.
СОВА ҷазои Михаил Романовро сахт унвон кардааст: “Агар ин ҷавон қаблан бо ҳамин ҷурм доғи судӣ надошта бошад ё бар илова дар дигар ҷинояте муттаҳам нашавад, ин муҳлат барои нашри навор зиёд аст”.
Навори “Қатли тоҷик ва доғистонӣ” 10 августи соли 2007 дар Интернет паҳн шуда, баҳсҳои зиёдро дар пай дошт. Дар он навор ду нафар бо дастҳои баста, зери парчами миллатгароҳо дида мешуданд. Неофашистони ниқобпӯш сари яке аз онҳо бурида, дигариро бо тири тапонча мекуштанд. Масъулияти ин кушторҳои бераҳмонаро ҳизби "Натсионал-сотсиалисти русӣ" бар уҳда гирифта буд.
Шахсияти яке аз қатлшудаҳо баъдан эълон шуд. Ӯро Шомил Удманов аз деҳаи Султонянгиюрти ноҳияи Қизилюрти Доғистон гуфтанд. Аммо шахсияти нафари дуюм, ки тоҷик муаррифӣ мешуд, то ҳанӯз шиносоӣ нашудааст.