Боздошти сокини 26-солаи Душанбе барои муомилоти симоб
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 26-солаи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии моддаи кимиёвӣ хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда рӯзи 23 март дар пайи як амалиёт дастгир шуда, ҳангоми кофтуков аз ӯ -- 224,2 грамм металли “симоб” ёфт ва мусодира гардидааст: “Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда металли мазкурро аз марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ба маблағи 10000 доллари амрикоӣ харидорӣ намудааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбати дастгиршуда парвндаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.