-Дар ин ҷо зиёда аз 600 нафар роҳсозони маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб мешаванд, зеро беш аз 80% коргарон аз Тоҷикистонанд,- қайд шуд дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ. Гуфтанист, ин нахустин роҳи дараҷаи якуми сифат дар Тоҷикистон хоҳад буд, зеро роҳҳои дигари то ин вақт бунёдёфта ба дараҷаҳои дуюм ва сеюм тааллуқ доштанд.Тибқи лоиҳа, масофаи 4,6 километри ин роҳ – аз назди пайкараи Абўалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе аз 8 хатти ҳаракати мошинҳо ва боқимондаи роҳ аз 4 хат иборат мешавад.
Манбаъ афзуд, пас аз ин чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии ниҳолпарварии «Сомон-Хатлон»-и ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо кори ниҳолпарварону гулпарварон аз наздик шинос шуд. Дар ин мавзеъ изҳор карданд, ки хоҷагӣ дорои 33 гектар замин мебошад ва дар 20 гектараш парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ин қитъаи 20 – гектара 50 ҳазор ниҳоли зардолу, 50 ҳазор себу нок ва беш аз 100 ҳазор навниҳоли ангури кишмиш барои шинондану боғу токзор омодааст.Президент ба кишоварзон ва роҳбари хоҷагӣ маслиҳат дод, ки бо назардошти талаботи рўзафзуни дохилию хориҷӣ дар ин ҷо парвариши беш аз 1 миллион навниҳоли ангури кишмиш ба роҳ монда шавад.Қисмати зиёди ниҳолҳои ин хоҷагӣ дар мавсими ояндаи ниҳолшинонӣ ба боғу токзори хоҷагии боғпарварии Асадулло, ки дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон қарор дорад, бурда шинонда мешаванд.{jathumbnail off}