Соли равон ба миқдори 211102,0 тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки ин нисбат ба нақша 26874,0 тонна зиёд, ё ин ки 114,5 %-и нақшаро ташкил медиҳад.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 29570,0 тонна (116,2%) зиёдтар ангишт истихроҷ карда шудааст. Тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноат айни замонн, захираи ангишт бо бақияи ангишти аз солҳои пешин зиёда аз 56,0 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Фурӯши ангишт дар давраи ҳисоботӣ ба 203246,5 тонна расонида шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 96,2%-и ангишти истихроҷкардашуда ба фурӯш бароварда шудааст. Бояд қайд кард, ки корхонаҳои системаи вазорат нақшаи давлатии ба зимаашон гузошташударо (200,0 ҳазор тонна) то санаи 21 октябри соли ҷорӣ пурра, яъне пеш аз мӯҳлат иҷро намуд.Шумораи нуқтаҳои фурӯши ангишт дар шаҳру навоҳии мамлакат ба 1861 адад расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 адад зиёд мебошад.
Бо мақсади сарфа намудани нерӯи барқ ва захира намудани ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012, инчунин бо ангишт фаъолият намудани нонвойхонаҳо, дегхонаҳои хурд ва дигар корхонаҳое, ки имконияти истифода бурдани ангиштро доранд, вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо корҳоро ба роҳ мондааст.{jathumbnail off}