Варзишгарони тоҷик аз Берлин бо 5 медал баргаштанд
Як нишони нуқра ва чор медали биринҷӣ. Чунин аст, натиҷаи қувваозмоии варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи кушоди Аврупо оид ба Кёкушинкан карате миёни кӯдакон ва наврасон.
Ин сабқат дар шаҳри Берлини Олмон бо ширкати 222 варзишгар аз 13 кишвар, бо шумули Австрия, Руминия, Сербия, Эстония, Лаҳистон, Исроил, Белорус, Арманистон, Украина, Булғористон, Русия ва Олмон баргузор шуд. Неъматулло Акбаров, дабири кулли Федератсияи Кёкушинкан каратэ-дои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, кишвари моро 7 варзишгар намояндагӣ намуда, панҷ нафари онҳо соҳиби медалҳо шуданд. Дар сабқати наврасон Сироҷиддин Кароматов (вазни -65 кг) бо медали нуқра сарфароз гардид. Сафаров Ёқубҷон (-75 кг), Сорбони Субҳон (65 кг), Мансури Давлатқадам (-60 кг) ва Раҳмонов Темур (+55 кг) медалҳои биринҷиро ба гардан овехтанд.
Ҳикматулло Кароматов, раиси Федератсияи Кёкушинкан каратэ-дои Тоҷикистон ва роҳбари дастаи яккачини Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон ягона кишвар аз Осиёи Марказӣ буд, ки дар ин мусобиқа иштирок намуд: "Мақсади иштирок дар мусобиқаҳои Аврупо мутобиқ кардани сатҳу сифати маҳорати варзишгарони тоҷик бо ҳарифони қавиву арзанда аст".