“Шояд ҳа, шояд не”: Шарҳи вакил дар бораи раҳоии Зарафо Раҳмонӣ
Ситора Азизова, вакили дифоъ аз шарҳи хабарҳо дар бораи эҳтимоли раҳоии зерҳимояаш- Зарафо Раҳмонӣ худдорӣ кард.
Азизова, имрӯз, 24 март дар мавриди эҳтимоли раҳоии Зарафо Раҳмонӣ, узви боздоштшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба “Озодагон” гуфт: “Шояд Зарафо Раҳмонӣ озод шавад, шояд не, ман чизе гуфта наметавонам, зеро парванда махфӣ мебошад”.
Ахиран расонаҳои мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз эҳтимоли озод шудани Зарафо Раҳмонӣ, яке аз 13 узви боздоштшудаи раёсати ҲНИТ хабар доданд. Ба иттилои ин манобеъ дар назар аст хонум Раҳмонӣ ба наздикӣ шартан озод шавад ва ин ҳам ба хотири бад будани саломатӣ ва доштани фарзанди хурдсол мебошад. Манбаҳои хориҷӣ таъкид кардаанд, ки масъалаи озод шудани Зарафо Раҳмонӣ дар меҳвари мулоқоту дидорҳои масъулини кишварҳои ғарбӣ бо масъулини Тоҷикистон қарор доштаст.
Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ 23 феврали соли 1972 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ модари 4 фарзанд буда, писари хурдияш дар синфи 1 таҳсил мекунад. Қаблан гуфта шуд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноятӣ айб эълон кардааст. Хонум Раҳмонӣ тибқи моддаи 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва моддаи 189 қисми 3 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ) муттаҳам мешавад. Зарафо Раҳмонӣ ҳамроҳ бо 12 тан аз фаъолони дигари ҲНИТ баъд аз исёни муовини собиқи вазири мудофиа – Абдуҳалим Назарзода ё “Ҳоҷи Ҳалим” боздошт шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон аввалҳои моҳи октябри соли равон гуфт, алайҳи дастгиршудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.