Нигаронӣ аз интиқоли ҳадафмандонаи тоҷикону суриягиҳо аз Русия ба Аврупо
Бархе аз сиёсатмадорҳои Аврупо Русияро дар он муттаҳам мекунанд, ки бо мақсади шиддат бахшидани буҳрони гурезаҳо ҳазорҳо муҳоҷири суриягӣ, афғон ва тоҷикро тариқи Мурманск ба Норвегия интиқол додааст.
Йоханнес Хан, комиссари Иттиҳоди Аврупо дар суҳбат бо рӯзномаи олмонии “Die Zeit” бо ишора ба ин раванд гуфтааст, теъдоди муҳоҷироне, ки аз Русия ба Аврупо интиқол меёбанд, майли афзоиш дорад: “Дар ҳоли ҳозир теъдоди муҳоҷирон, ки аз Русия меоянд, чандон зиёд нест, вале ин раванд паёми нигаронкунанда дорад, зеро Иттиҳоди Аврупо бе ин ҳам таҳти фишор қарор дорад”.
Ба гуфтаи Йоханнес Хан беш аз 5 ҳазор муҳоҷири суриягӣ, афғон ва тоҷик тариқи Мурманск ба Норвегия интиқол ёфтаанд: “Ин нафарҳо солҳо дар қаламрави Русия иқомат доштанд ва ба эҳтимоли зиёд ба Аврупо бо хоҳиши худ раҳсипор нашудаанд”.
Ишораи Йоханнес ба даст доштани Кремл дар интиқоли муҳоҷирон ба Аврупо дар ҳолест, ки Любомир Заоралек, вазири умури хориҷии Чехия низ изҳор доштааст, ки “бародарони славянӣ бо интиқоли ҳадди аксари муҳоҷирон ба мо “кӯмак” карда истодаанд. Мо тасдиқи инро дорем”.