Президент корхонаеро, ки беш аз 145 миллион андоз месупорад, ифтитоҳ кард (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафари кориаш аз вилояти Суғдро бо буридани лентаи рамзии корхонаи сементбарории “Хуаксин Ғаюр – Суғдсемент” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шурӯъ кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, сохтмони корхона аз ҷониби ширкати ватании “Ғаюрсемент” дар якҷоягӣ бо шарикони чинӣ – “Хуаксин семент” соли 2014 оғоз ёфта, дар масоҳати 48 гектар бо харҷи зиёда аз як миллиард сомонӣ бунёд гардидааст. Манбаъ мегӯяд, иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна семент буда, дар он беш аз 1300 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Беш аз 90 фоизи коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки маоши онҳо аз 2000 то 12000 сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии корхона 1400 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ буданд: “Бо мақсади таъмини муътадили фаъолияти корхонаи сементбарорӣ нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ бо иқтидори 25 мегаватт дар як соат бунёд карда шудааст”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, корхонаи “Хуаксин Ғаюр – Суғдсемент” бо технологияи муосири ҷаҳонӣ сохта шуда, маҳсулоташ бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Навъи сементи корхона 400, 500 ва 600 буда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва дар бозори аврупоӣ маъмулу рақобатпазир мебошад: “Корхона ҳамасола ба давлат беш аз 145 миллион сомонӣ андоз хоҳад супорид”.
Ширкати “Ғаюрсемент” мутаалиқ ба Акбар Ғуломов, писари собиқ ноиби сарвазир, марҳум Асадулло Ғуломов мебошад. 27 майи соли 2015 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ширкати дигари марбут ба Акбар Ғуломов -- “Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал”-ро, ки дар Ёвон сохта мешавад ва ба истеҳсоли гипсокартон машғул хоҳад шуд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон, субҳи имрӯз, 23 март ба вилояти Суғд сафар кард. Дафтари матбуоти Президент, ин сафарро “корӣ” унвон кардааст.