АКС: Миллион лолаи ҳолландӣ дар Душанбе
Дар Душанбе миллион лолаи рангоранги ҳолландӣ нишондаанд. Ин лолаҳо бо амри шаҳрдорӣ дар боғ, канори роҳу хиёбонҳои маркази пойтахт нишонда шудаанд.
Маҳмадcаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи 8 феврали худ дастур дода буд, ҷараёни нишондани як миллион лолаи ҳолландӣ зери назорати ҷиддӣ қарор дода шавад. Зиёвиддин Ширинов, сармутахассиси ширкати “Пайванд”, ки масъули аз Ҳолланд овардани ин лолаҳо аст, қаблан ба “Азия Плюс” гуфта буд, мақомоти шаҳрдорӣ беш аз 600 ҳазор лоларо бо арзиши 1,80 сомонӣ барои ҳар дона харидорӣ кардаанд: “Ба созмонҳои хусусӣ қиматтар, як донаашро 2,5 сомонӣ мефурӯшем”.
Аммо оқои Ширинов нагуфтааст, ки “Пайванд” онҳоро бо чӣ арзише аз Ҳолланд мехарад.