Донишҷӯдухтари тоҷик “Miss International 2016” шуд
Донишҷӯдухтари тоҷик барандаи озмуни “Miss International 2016”-и Донишгоҳи давлатии Белорусия (ДДБ) шудааст.
Ёсаминбону Мусоева, донишҷӯи соли дуюми факултаи ҳуқуқшиносии ДДБ аз миёни 8 иштирокчии даври финалии ин сабқат, мақоми аввалро касб кардааст.
Торнамои studlive менависад, дар Донишгоҳи давлатии Белорусия ҳудуди 2300 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад ва 56 нафари онҳо муддаии озмуни “Miss International 2016” шудаанд.
Miss International барои бори панҷум баргузор шуд. Соли сипаришуда ин унвон насиби намояндаи Қазоқистон гардида буд.