100 дег суманак дар ҷашни Наврӯзи Хуҷанд
Маъмурияти шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд азм дорад, дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр 100 деги суманак гузорад.
Аз шаҳрдории Хуҷанд ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар асоси нақшаи ҳукумати шаҳр дар 22 маҳаллаи шаҳр ва кӯчаю биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ тантанаҳои наврӯзӣ бо гузоштани деги суманак доир мегардад: “Дар рӯзҳои таҷлили ин иди аҷдодӣ дар тамоми кӯчаю маҳаллаҳо 100 деги суманак пухта мешавад”.
Манбаъ мегӯяд, ин ташаббуси маъмурияти шаҳрро соҳибкорону саховатмандон дастгирӣ намуда, инчунин хатнатӯйи кӯдаконро аз оилаҳои ниёзманд баргузор хоҳанд кард: “Ҳукумати шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, наздики 2 ҳазор шахси эҳтиёҷмандро аёдат намуда, ба онҳо кумаки яквақтаи моддӣ расонад”.