Магерам Алиев, сафири фавқулодда ва мухтори Озарбойҷон ба президент Эмомалӣ Раҳмон нишони байналмилалии «Моҳи нав ва ситора» - и Кумитаи байналмилалӣ доир ба мубориза бо терроризм, нашъамандӣ ва ҷиноятҳои экологӣ «INTERSAFETY» - ро тақдим намуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, имрӯз президенти Тоҷикистон дипломати озариро бинобар анҷом ёфтани мўҳлати сафораташ дар Душанбе ба ҳузур пазируфт.
Гуфтанист, ордени мазкур дар Иттиҳоди байналмилалии мукофотҳои СММ UNCOPA сабт гардида, ягона ҷойизаи байналмилалӣ мебошад, ки дар он рамзу нишонаҳои мусулмонӣ инъикос ёфтаанд. Бо ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора» роҳбарони кишварҳои мусулмоннишин ва шахсиятҳои барҷастаи олами ислом барои нақши намоёнашон дар тарғиб ва татбиқи ғояҳои инсондўстию адолат сарфароз гардонда мешаванд.{jathumbnail off}