Боздошти гумонбар дар куштори ҷавони 25-сола: Ӯро буғӣ намуда, зери хок кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 26-солаи шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми куштори ҷавони 25-сола хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 15 март дастгиршуда ҷавони 25-солаеро бо мақсади ба даст овардани маблағи пулиаш ба мошини “Мерседес-Бенс” савор карда, ба самти деҳаи Ҷавонони шаҳри Ваҳдат бурдааст: “Ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонида, сипас як адад телефони мобилии тамғаи “Алкател” ва 2100-сомониашро тасарруф намудааст. Номбурда барои рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудааш ҷасадро таги хок карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.