Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз равобити Тоҷикистону Имороти муттаҳидаи Араб
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳён, муовини Сарфармондеҳи олии неруҳои мусаллаҳи Имороти муттаҳидаи Араб гуфтааст, Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо иморот таваҷҷуҳи хос дорад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Оли Наҳён, ки имрӯз, 16 март сурат пазируфт, таъкид кардааст, “мо аз ҳолати имрӯзаи равобити дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем”.
Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Имороти муттаҳидаи Араб баррасӣ гардидааст. Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намудаанд, ки санадҳои нави ҳамкории зимни ин сафар имзошаванда дар соҳаҳои сиёсию амният, маориф, варзиш ва саёҳат заминаи ҳуқуқии муносиботи моро мукаммал мегардонанд: “Дар ҷараёни мулоқот масоили ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди силсилаи иншооти гуногунҳаҷми гидроэнергетикӣ, такмили инфрасохтори нақлиёт бо сохтмони роҳҳои хушкигард, пулҳо, туннелҳо ва рушди истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардид”.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур меафзояд, дар мулоқот доир ба густариши равобити илмию фарҳангӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоливу тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ ҳам суҳбат шудааст.