Мавзуна Чориева, муштзани шинохтаи тоҷик ба Чин рафт
Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик ҷиҳати иштирок дар ҷамъомади таълимӣ-варзишӣ ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба Чин сафар кардааст.
Наврӯз Қурбонов, сухангӯи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, сафари Чориева то 3 апрел дар шаҳрҳои Урумчӣ ва Киянян идома хоҳад ёфт.
Манбаъ мегӯяд, дар ин сафар Мавзунаро мурраббиаш -- Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ менамояд: “Ин сафари варзишгари тоҷик бо мақсади иштироки узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимӣ-варзишӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷиҳати иҷрои қисми 7, банди 6-и “бокс”, Нақшаи маблағгузории Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2016 роҳандозӣ шудааст”.
Наврӯз Қурбонов мегӯяд, Мавзуна Чориева, ки соли 2012 дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон соҳиби медали биринҷӣ гшуд, барои бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро омодагии ҷиддӣ мебинад.