Сафири ИМА: Кумаки худро дар таъмини озодии дин идома медиҳем
Элизабет Миллард, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, қасд дорад, бо истифода аз ҳамкориҳои фаъол бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон муносибатҳои Вашингтону Душанберо бештар густариш бидиҳад.
Хонум Миллард дар матлабе, ки “Тоҷикистон ва Амрико: ҳамкорӣ ба хотири ояндаи дурахшон” ном дорад, гуфтааст, сафири кишвараш дар Душанбе таъин шудан дар арафаи таҷлил аз 25-умин солгарди роҳандозии муносиботи дипломатии ду кишвар барояш мояи ифтихор аст. Ӯ гуфтааст, ҳамкории худро бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон бар иловаи ба даст овардани манофеи муштарак дар самти сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ, дар масоили эҳтироми ҳуқуқи инсон, озодии сухан, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва садоқат ба демократия ҳам густариш хоҳад дод: “ИМА аз ҳадафҳои Тоҷикистон дар соҳаи амният, ислоҳоти демократӣ ва рушди иқтисодӣ ҷонибдорӣ мекунад. Аз оғози барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 то инҷониб, беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷиҳати расонидани кӯмак ба Тоҷикистон ҷудо намудем. Маблағи номбурда бо мақсади беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, таҳким додани соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, рушди ҳокимияти маҳалливу ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва таҳкими амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дорад”.
Сафири ИМА дар идома гуфтааст, кишвараш ҷиҳати таъмини ояндаи осоишта, озод ва дурахшон дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ талош мекунад: “Тоҷикистон амну субот ва шукуфоиро ба муддати тӯлонӣ метавонад танҳо тавассути иродаи қавӣ дар беҳтар намудани идоракунӣ, таъмини волоияти қонун, рушди иқтисод, фароҳам овардани муҳити соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардуми ин кишвар ба даст оварад. Намояндагии ИМА дар Тоҷикистон аз анъанаи ҳифз намудани ҳуқуқи инсон ва дигар принсипҳои асосӣ, ки шарти муҳими рушди боадолат ва нумӯи ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад, ҷонибдорӣ мекунад”.
Элизабет Миллард меафзояд, барномаҳои кӯмакрасони ИМА дар Тоҷикистон дар асоси принсипи муштарак, ки ҳар як фард ба зиндагии бошараф, ба ҳаёт бидуни табъиз ва зӯроварӣ, интихоби озод ҳақ дорад, фаъолият мекунанд: “Мо ният дорем, ки кӯмаки худро дар таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои калидии инсон, аз ҷумла озодии дин идома дода, кушишҳои Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи ифротгароии хусуматомез дастгирӣ намоем”.
Ба таъкиди дипломати амрикоӣ, онҳо барои баланд бардоштани рушди иқтисодии Тоҷикистон ҳам талош хоҳанд кард. “Ба таърих назар меафканем, шоҳиди он мегардем, ки дар гузашта миллати тоҷик асосан машғули тиҷорат буд, ва имрӯз мо бо Ҳукумат, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, соҳибкорон ҷиҳати беҳтар намудани фазои минбаъдаи соҳибкорӣ бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ дар ин ба кишвар ҳамкорӣ менамоем. Мақсад аз густариш додани ҳамкории иқтисодӣ бо ҳамсояҳои Тоҷикистон – васеъ намудани имкониятҳо барои рушд ва таъмини амният дар минтақа. Инчунин Тоҷикистон барои ташаббусҳои минтақавӣ ба мисли ташаббуси Роҳи Нави Абрешим шарики калидист. Тоҷикистон Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ ва кишварҳои берун аз онро тавассути хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва коридорҳои транзитӣ ба монанди онҳое, ки дар доираи лоиҳаи CASA-1000 бунёд гардидаанд, пайваст мекунад”,-илова кардааст ӯ.
Сафири Амрико мегӯяд, интизори он аст ки бо сафарҳои мунтазам аз Тоҷикистон дидан намуда, бо мардуми тоҷик аз табақаҳои гуногун мулоқот намояд ва фикру мулоҳизаҳоро дар мавриди бунёди ояндаи нек ва таҳкими робитаҳо байни мардуми Амрико ва Тоҷикистон пайдо созад: “Тоҷикистон кишвари ҷавони меҳнатдӯст ва лаёқатманд мебошад. Ҳамчун модар ва модаркалон кушиш ба харҷ медиҳам, ки барои занон имконоти нав фароҳам оварам ва ба насли ояндаи тоҷикон барои расидан ба иқтидори пурраи худ мусоидат намоям. Бесаброна интизори онам, ки дар моҳҳо ва солҳои наздик бо Шумо во хӯрам. Бароям боиси хурсандӣ ва шарафмандист, ки ба ҳайси сафири ИМА дар Тоҷикистон адои вазифа менамоям. Ҳарчи зудтар мунтазири таҳқиқи ин кишвари зебо ҳастам. Ният дорам, ки тавассути ҳамкориҳои фаъол бо Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаро боз ҳам густариш диҳам”.
Элизабет Миллард моҳи январи соли равон вориди Душанбе шуда, ба фаъолияти сафирии худ дар Душанбе оғоз кард. Ӯ дар мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиоттро иваз кард, ки аз моҳи октябри соли 2012 дар ин курсӣ менишаст.
Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, хонум Миллард дипломати ҳирфаии Хадамоти дипломатии Амрико буда, дорои рутбаи баланди Мушовир-фиристода буда, фаъолияти дипломатиашро соли 1992 шурӯъ намудааст. Вай дар Касабланка, Копенгаген, Катманду, Прага фаъолият карда, якчанд вазифаи дохили давлатиро низ бар дӯш доштааст. Хонум Миллард соли 1978 соҳиби дараҷаи бакалаври илмҳои иқтисод аз Мактаби иқтисоди Лондон гашта, соли 1981 дараҷаи магистраро аз Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинс соҳиб шудааст. Барои фаъолитяи кориаш чанд маротиба соҳиби мукофотҳои Департаменти давлатии ИМА гардидааст. Ӯ ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, даниягӣ ва каме бо забони рӯсӣ ҳарф мезанад.