Дар Эрон анъанаҳои наврӯзии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд (АКС)
Дар шаҳри Теҳрон рӯнамоии Тоҷикистон ва анъанаҳои наврӯзӣ баргузор шудааст.
Фарангис Бекова, масъули Сафорати Тоҷикистон дар Эрон мегӯяд, муаррифии Тоҷикистон дар доираи чорабинии фарҳангие бо иштироки тоҷикони муқими Теҳрон ва донишҷӯёни тоҷик бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ сурат гирифта, ба ҳозирин наворҳои видеоӣ оид ба ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон намоиш дода шуд: “Дар толор гӯшаи Тоҷикистон бо сабки хоси тоҷикона ороиш ёфта, дар он сару либос, асбобҳои мусиқӣ, намунаи ҳунарҳои дастии миллӣ ва маводи таблиғотӣ оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, таъриху фарҳанг, имкониятҳои саёҳатӣ ва дигар маводи ҷолиби диққат ба намоиш гузошта шуда буданд”.
Манбаъ мегӯяд, Неъматулло Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар ин чорабинӣ аз таърихи Наруз ва таҷлили он дар Тоҷикистон суҳбат намуда, таъкид доштааст, ки имсол Ҳукумати Тоҷикистон мизбони Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз хоҳад буд.