Умеди Рашид Олимов аз ҳамоиши президентҳо дар Тошканд
Рашид Олимов, дипломати тоҷик, ки аз моҳи январи соли равон ба ҳайси дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай фаъолият мекунад, 15 март дар Пекин бо Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон мулоқот кардааст.
Тибқи иттилоияи Вазорати умури хориҷии Узбакистон, Комилов оиди омодагиҳо ба баргузории ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд, ки 23-24 июн дар назар аст, гузориш додаст.
Ба иттилои манбаъ Рашид Олимов таъкид кардааст, ки роҳбарии Узбакистон дар СҲШ ва ҷаласаи сарони кишварҳои узви ин созмон дар Тошканд бояд марҳилаи навро дар таърихи 15-солаи СҲШ кушоянду ҳамкориҳои кишварҳои узвро ба сатҳи нав бароранд.
Дар мулоқоти моҳи июн дар Тошканд иштироки президентҳои Тоҷикистон, Русия, Узбакистон, Чин, Қирғизистон ва Қазоқистон дар назар аст.