Аз қарз гурехта наметавонӣ! Қиссаи як қарздор аз Тоҷикистон
Ба мо як намояндаи диаспораи тоҷикон дар Русия бо номи Муҳаммад (насаб ва минтақаи фаъолият бо хоҳиши қаҳрамони қисса ошкор намегардад), муроҷиат намуд. Ӯ бо нақли ҳодисае аз ҳаёти худ, хост, то пеши роҳи ҳамватанони худро аз кирдорҳои бемулоҳиза бигирад.
Муҳаммад мегӯяд, аз соли 2013 давоми ду сол дар Русия ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият намуд. Корашро дӯст намедошт, аз ин рӯ наметавонист аз даромадҳои ҳангуфт лоф занад. Охири соли 2014 аз ташкилоти қарзии хурди ҶДММ “ТҚХ МОЛ.БУЛАК.РУ” қарз гирифт. Ин нахустин таҷрибаи қарзгирии Муҳаммад буд ва итминон дошт, ки бо тағйир додани ҷойи зисташ аз пардохти уҳдадориҳои худ назди ширкат раҳо халос мешавад.
Ҳанӯз аз оғоз тамоман ба шартҳои созишнома бо ширкати “Мол Булак” беэътиноӣ кард ва қарор дод ба шаҳри дигар биравад. Ҳатто бо доштани сарчашмаи доимии даромад давоми ду соли охир, нияти баргардондани қарзро надошт.
Пас аз ним сол иҷрочиёни додгоҳ бо хабарномаи судӣ дари ӯро кӯфтанд. Пайдо намудани ҷойи нави зисти қарздор новобаста ба кушишҳои ӯ, хеле осон буд. Дар ниҳоят, Муҳаммад қарзи худро пурра ба ширкати “Мол Булак” пардохт кард.
“Ман дарк намудам, ки беҳтарин роҳ - роҳи шахси бовиҷдон аст. Ширкати “Мол Булак” аз ҳама беш чунин одамонро қадр мекунад ва ба истиқболи онҳо меравад”,-нақл мекунад Муҳаммад. Ӯ дар идома афзуд, “бояд миннатдор шуд, ки ширкат ба ту эътимод мекунад ва қарор медиҳад, ки кумак расонад. Ва бояд ба некӣ бо некӣ посух дод, чӣ гунае, ки ҳар рӯз кормандони ин ширкат мекунанд. Ман ба “Мол Булак” шукуфоӣ ва комёбӣ дар кори наҷибашон таманно дорам!”.
Қарздорҳо метавонанд бо шумораи 8-800-555-71-71 ба ширкати “Мол Булак” дар Русия тамос гирифта, мушкилии худро осон намоянд (зангҳо аз Русия ройгон аст).
"Азия Плюс"