Масъули давлат нафақаи 7 нафарро аз худ кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як масъули Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро дар сохтакорӣ ва аз худ кардани маблағи нафақахӯрон муттаҳам мекунад.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, муттаҳам, марди 41-сола, сокини ноҳияи Турсунзода мебошад, ки дар Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Нуробод кор мекард.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, дидаю дониста бо роҳи сохтакории хизматӣ ба ҷои 7 нафақахӯр имзо гузошта, 5ҳазору 938 сомонию 67 дирам маблағи нафақаи онҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.