Ду голи беҷавоби “Нафт Алвасат” ба дарвозаи қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон
Тими “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон дар даври сеюми бозиҳои гуруҳии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2016 аз “Нафт Алвасат”-и Ироқ шикаст хӯрд.
Ин бозӣ, ки шоми дирӯз, 15 март дар варзишгоҳи “Пас”-и Теҳрон баргузор гашт, бо ҳисоби 0:2 ба фоидаи ироқиҳо хотима ёфт. Голи аввалро Ҷасим Муҳаммад дар дақиқаи иловагии нимаи аввал ва голи дуввумро Мардик Мардикиан дар дақиқаи 70-ум ба ҳадаф расониданд.
Тими “Истиқлол”-и Душанбе бозии даври чаҳорумро дар марҳилаи гуруҳии ин мусобиқот 12 апрел дар дар Душанбе бо дастаи “Нафт Алвасат”-и Ироқ анҷом медиҳад. Ин бозиро сардовари сингапурӣ Сухбир Сингх ҳакамӣ мекунад.