Таъини раҳбарони нав дар 11 шӯъбаи Вазорати умури дохилӣ
Вазорати умури дохилӣ исми нафарони ба вазифаҳои нав таъиншударо эълон кард.
Бино ба иттилои ин ниҳод, полковник Дадобойзода Ҳотамҷон Пулодӣ сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, полковник Раҷабзода Ҳасан Ҷамил сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, полковник Раҷабзода Нуралӣ Раҷаб сардори ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа, подполковник Ҷаъфарзода Хайриддин Ҳайдар сардори ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ, майор Давлатзода Шафкат сардори ШВКД-и ноҳияи Қубодиён, полковник Мирзозода Хуршед Мирзоамин сардори ШВКД-и ноҳияи Гулистони вилояти Суғд, полковник Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул сардори ШВКД-2-и ноҳияи Шоҳмансур, полковник Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинааҳмад сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, полковник Раҳмонзода Абдураҳмон Дуст сардори ШВКД-и ноҳияи Дарвоз, полковник Ашурзода Абдуҷалил Халил сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ва полковник Саидов Раҳматулло Аҳмадович сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур таъин шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ин афрод суҳбат намуда, “онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт”.