“Алиф-Сармоя” иҷозатнома гирифт, “Ҳамроз-Тус” барҳам дода шуд
Бонки милли Тоҷикистон бо қарори Раёсати худ ба Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Алиф-Сармоя” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дарёфт кардааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, акнун ин ташкилот метавонад ба ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машғул шуда, ба мизоҷон қарзҳои хурд пешниҳод карда, суратҳисоб боз намояд. Инчунин “Алиф-Сармоя” метавонад ба интиқоли маблағҳои пулӣ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ машғул шавад: “Дар робита ба қарори мазкур дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти дахлдор дохил карда мешавад”.
Манбаъ мегӯяд, бо як қарори дигари Раёсати Бонки миллӣ, мутобиқи моддаи 6-и қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” барои барҳамдиҳии ихтиёрии ФҚХ “Ҳамроз-Тус” розигӣ дода шуда, шаҳодатномаи Фонд бозхонд карда мешавад: “Мақомоти ваколатдори ФҚХ “Ҳамроз-Тус” вазифадор карда шудааст, ки ҳамчун шахси манфиатдор оид ба барҳамдиҳии фонди мазкур ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд”.