Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додситонӣ, умури дохилӣ ва андоз
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15 март як гуруҳ кадрҳои навтаъин дар мақомоти андоз, додситонӣ ва умури дохилиро ба ҳузур пазируфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми муовини раиси Кумитаи андоз, сардори Раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералӣ ва муовини якуми Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шахсони нав таъин гардиданд.
Ба иттилои манбаъ инчунин дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон прокурорҳои навоҳии Роштқалъа, Бохтар, Конибодом, Зафаробод, ва Шоҳмансур иваз карда шуданд: “Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияҳои Фирдавсию Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шаҳри Қурғонтеппа, ноҳияҳои Қубодиён ва Ҳамадонии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстони вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадрҳои ҷавону корозмуда таъин гардиданд”.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат кадрҳои навтаъинро ба кору хизмати софдилонаю содиқона даъват намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузоштаст.