Назарпурсӣ миёни бонкдорон: Кӣ зид ва кӣ тарафдори сиёсати қурбии Бонки Миллӣ (ДИАГРАМА)
Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳбуди сиёсати қурбӣ миёни ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ назарпурсӣ гузаронда, дар мавриди қурби доллар ва додани сомонӣ ба ҷои рубли интиқолёфта суол кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар пайи назарпурсӣ муайян шуд, ки 83 фоизи ташкилотҳои қарзӣ ҷонибдоранд, ки ба шаҳрвандон ба ҷои рублҳои интиқолёфта аз хориҷи кишвар сомонӣ дода шавад. 12,8 фоизи ташкилотҳои қарзӣ изҳор доштаанд, ки ин иқдомро дастгирӣ намекунанд.
Дар мавриди он, ки Бонки Миллӣ қурби фурӯши долларро дар ҳаҷми 1,5 фоиз аз қурби хариди он муайян кардааст, 48,9 фоизи ташкилотҳои қарзӣ изҳор доштаанд, ки ин маҳдудият лағв шавад. Ҷонибдорони ин маҳдудият низ 48,9 фоизро ташкил додааанд ва 2,1 фоизи боқимонда посух додаанд, ки намедонанд.
Ба суол, ки шумо қурби бозории долларро дар асоси чӣ муқаррар мекунед, 32,7 фоизи ташкилотҳои қарзӣ гуфтаанд, ки дар асоси қурби расмӣ: “28,8 фоизи ташкилотҳо гуфтаанд, ки дар асоси қурби байнибонкӣ, 13,5 фоиз дар асоси қурби нақдӣ, 11,5 дар асоси қурби дохилибонкӣ ва 13,5 фоиз посух додаанд, ки дар асоси дигар омилҳо қурби доллари амрикоиро муайян мекунанд”.
Инчунин беш аз 60 фоизи ташкилотҳои қарзӣ аз низоми байнибонкии Тоҷикистон изҳори ризоият кардаанд. 72,3 фоизи ташкилотҳои қарзӣ изҳор доштаанд, ки ҷонибдори харидуфурӯши доллар бо қурби расмӣ бо ҷамъ ва ё тарҳи ҳаққи хизмати ин ташкилотҳо мебошанд. 19,1 фоизи ташкилотҳо хилофи ин тарзи харидуфурӯши доллар баромад кардаанд.
Натиҷаи назарпурсии Бонки Миллӣ миёни ташкилотҳои қарзӣ: