Таъкиди Э.Раҳмон барои ҳамкорӣ дар самти ҷилавгирӣ аз фарҳангу мафкураи бегона
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 15 март дар мулоқот бо масъулину сокинони ноҳияи Рӯдакӣ иброз доштааст, вазъи тақсимоти замин дар ноҳия назорати ҷиддиро тақозо мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, солҳои охир бо қарорҳои ҳукумат ба оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳия барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ 2300 гектар замин ҷудо гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо соли 2015 ба наздики 11 ҳазор оила қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст: “Яъне қариб 70 ҳазор нафар сокинон барои беҳтар намудани шароити зиндагии худ имконият пайдо кардаанд. Вале дар баробари ин, вазъи тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи қонунгузории замин ҳанӯз ҳам назорати ҷиддӣ ва беҳбудиро тақозо дорад”.
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати тақсимоти одилонаи замин, истифодаи самараноки заминҳои тақсимшуда, назорати риояи қатъии қонунгузории замин ва бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи механизми ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур гуфтааст, давоми солҳои 2011–2015 аз ҳисоби буҷаи давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Рӯдакӣ қариб 700 миллион сомонӣ ҷудо шуда, солҳои 2016-2018 низ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷаи давлатӣ барои таъмини рушду тараққиёти ноҳия беш аз 540 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст: “Имсол дар ноҳия ба истифода додани 25 иншооти муосир, аз ҷумла биноҳои таълимиву корхонаҳои нави саноатӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ ва хонаҳои истиқоматии баландошёна ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон бо ин, тибқи нақшаи дурнамо дар солҳои соли 2017–2020 сохтмони 10 муассисаи таълимӣ, хатти оби нӯшокӣ барои се деҳоти калонтарини ноҳия, азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа ва хонаҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ гардидааст”.
Эмомалӣ Раҳмон, қайд намудааст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз лиҳози шумораи аҳолӣ ноҳияи калонтарини кишвар мебошад, ҳоло 159 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ҳар сол мактабҳои нави замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, раисиҷумҳур аз аҳли маориф, падару модарон, зиёиён, шахсони калонсолу обрӯманд ва мақомоти дахлдор дархост намудааст, ки дар самти пешгирии таъсири номатлуби фарҳангу мафкураи бегона ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои хатарноки экстремистиву террористӣ чораҳои иловагии фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда андешида шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон масъалаи қабул ва сари вақт баррасӣ ва ҳал намудани мушкилоти сокинонро аз ҷониби мақомотҳои дахлдор зарур шуморида, иброз доштааст, ки робитаи қавии мақомоти давлатӣ бо ҷомеа омили асосии суботу оромӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ буда, роҳбарону фаъолон ва аҳли зиё бояд дар ин самт низ намунаи ибрат бошанд.