Неруҳои аслии Русия хоки Сурияро тарк мекунанд
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия фармони хуруҷи бахши аслии неруҳои кишвараш аз Сурияро содир кард.
Бар асоси ин фармон, ки шоми рӯзи гузашта зери он имзо гузошта шуд, хуруҷи неруҳои Русия аз Сурия 15 март оғоз мешгардад. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Владимир Путин дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои кишвараш гуфтааст, Русия нақши худро дар раванди сулҳ дар Сурия бештар карда, ба поёни мухолифатҳо дар ин кишвар муваффақ мешавад. Ӯ гуфта, пойгоҳҳои Русия дар Тартус ва Хмеймим ҳамчунон фаъолият хоҳанд кард.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфтааст, Владимир Путин дар як суҳбати телефонӣ Башор Асад, раисиҷумҳури Сурияро аз тасмими худ огаҳ кардааст.
Амалиёти неруҳои Русия дар Сурия моҳи сентябри соли гузашта оғоз шуда буд.