Э.Раҳмон: Ҳамкории ВАО дар муқовимат бо тарғиботи терроризму ифротгароии диниву мазҳабӣ муҳим аст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Сергей Михайлов, директори генералии ТАСС ва Михаил Гусман, муовини аввали ӯро ба ҳузур пазируфтааст.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот аз нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир изҳори ақида карда, зикр намудааст, ВАО дар ташаккули афкори умум ва идора кардани он нақши калидӣ доранд, бино бар ин мо тамоми чорабиниҳоеро, ки ба ҳамкорӣ дар ин самт нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.
“Вобаста ба воқеаҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза, дар Шарқи Наздик, хусусан дар наздикии сарҳади ҷанубии ИДМ рух медиҳанд, ҳамкории самарабахши ВАО-и давлатҳои мо дар самти муқовимат ба тарғиботи таҳрифкоронаи қувваҳои терроризми ҷаҳонӣ ва ифротгароии диниву мазҳабӣ ниҳоят муҳим аст”,-гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбарияти ТАСС барои иштирок дар ҷаласаи XXI-уми Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд.