Исми муттаҳамони инфиҷори хунини Анқара эълон шуд
Дар инфиҷори шадиди Анқара, ки 37 кушта ва 125 захмӣ дар пай дошт, панҷ донишҷӯдухтар муттаҳам мешаванд.
Бино ба иттилои расонаҳои туркӣ, тафтишот аз рӯи изи ангушт дар маводи мунфаҷираи дохили мошин муайян кардааст, ки маргталаб Саҳар Чагла Демир, донишҷӯи Донишгоҳи “Баликесир” мебошад: “Дар ҳамдастӣ бо ӯ чор дугонааш ҳам айбдор мешаванд”.
Ба иттилои расонаҳо, ҳамроҳони Саҳар хоҳарон Ҳамида, Қадар, Сурайё Сакли ва Йешим Акюрек, ки ҳамагӣ донишҷӯянд, узви созмони террористии “РКК” муаррифӣ мешаванд.