Русия ду кабутарро ба Тоҷикистон депорт кард
Раёсати Росселхознадзор дар вилояти Новосибирск ду кабутареро, ки аз Тоҷикистон ба ин вилоят оварда шудаанд, бозпас фиристодааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин кабутарон дар пайи назорати кормандони ин ниҳод дар фурудгоҳи “Толмачево” ошкор шуданд. Масъулини Росселхознадзор гуфтаанд, ду кабутар, ки аз бағоҷи шаҳрванди Тоҷикистон ёфт шудааст, бидуни иҷоза ва асноди ветеринарӣ, ки солимии паррандаҳоро тасдиқ кунад, ба Русия интиқол ёфтаанд: “Бо мақсади ҷилавгирӣ аз эҳтимоли паҳн шудани бемориҳои сироятӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза дода нашуд, ки ҷуфти кабутаронро вориди Русия созад. Кабутарони депорт ва бо хатсайри наздиктарин ба Тоҷикистон мунтақил шуданд”.
Ин бори аввал нест, ки кабутарони аз Тоҷикистон ба Русия бурдашуда, бозпас фиристода мешаванд. Моҳи июни соли 2015 раёсати Росселхознадзор дар Новосибирск чор кабутарро депорт карда буд.