Эълони сабаби пешакии суқути ҳавопаймои Тоҷикистон, ки 35 кушта барҷой гузошт
Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ бо нашри гузориши ҷадид, иттилоъ додааст, ки соли 2015 дар ИДМ 56 ҳодисаи нохуши ҳавоӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар пайи онҳо 116 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Кумита дар пайи таҳлили мансубияти ҳавопаймоҳои суқуткарда ба давлатҳои узв эълон намудааст, ки аз ҷумла дар пайи суқути як ҳавопаймои марбут ба Тоҷикистон соли 2015, 35 нафар ба ҳалокат расиданд.
Манбаъ мегӯяд, аз миёни 56 ҳодисаи нохуши ҳавоӣ дар соли 2015, 2 ададаш ба Белорусия (2 кушта), 4 ба Қазоқистон (7 кушта), 1 ададӣ ба Қирғизистону Молдова, 41 ҳодиси нохуш ба Русия (60 кушта), 1 адад ба Тоҷикистон (35 кушта) ва 6 адад ба Украина (12 кушта) рост меоянд.
Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ бо такя ба иттилои пешакӣ сабаби суқути ҳавопаймои АН-12В-и ширкати тоҷикистонии “Asia Airways” –ро, ки 4 ноябри соли 2015 дар шаҳри Ҷубаи Судони Ҷанубӣ рух дод, бори аз меъёр зиёд арзёбӣ кардааст. Манбаъ мегӯяд, ҳавопаймо бо 6 халабон ва 31 мусофир чанд лаҳза пас аз парвоз суқут карда, ки дар натиҷа ҳамаи халабонҳо ва 29 мусофир ба ҳалокат расида, ду нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд: “Таҳқиқи ҳодисаи мазкур аз сӯи Комиссияи ташкилкардаи Судони Ҷанубӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ идома дорад. Санҷиши муфассали техникии муҳаррик бо ҷалби истеҳсолкунандаҳо аз Украина ҷараён дорад. Баъди ин дар мувофиқа бо ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистону Украина дастгоҳҳои назоратии ҳавопаймо ва қабулкунандаҳои GPS ба ташхисгоҳи Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ интиқол дода мешаванд”.
Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ дар гузориши соли гузаштааш эълон карда буд, ки соли 2014 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 47 ҳодисаи нохуши ҳавоӣ ва садамаҳо ба қайд гирифта шуд, ки 81 кушта барҷой гузоштанд.
Ин ниҳод сабаб афзоиши ҳодисаҳои нохуши ҳавоӣ ва теъдоди ҳалокшудагонро бо рабт дод, ки ниҳодҳои масъули ҳавонавардӣ вазъи техникии ҳавопаймоҳои бақайдгирифта ва қонунияти парвозҳоро аз сӯи халабонҳои хусусӣ дуруст назорат намекунанд.
Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади таъмини амнияти парвозҳои гражданӣ ташкил ёфта, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон, Русия, Украина, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Молдова, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Туркманистонро дар бар мегирад.