Ихроҷи 4 хитойӣ аз қаламрави Тоҷикистон
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз ихроҷи 4 шаҳрванди Чин аз қаламрави кишвар хабар дод.
Аз ин ниҳод имрӯз, 14 март ба “Озодагон” иттилоъ доданд, шаҳрвандони Чин дар пайи амалиёти муштараки Вазорати умури дохилӣ ва шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мурғоб аз бозори марказии ин ноҳия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, нисбати чиниҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суди ноҳияи Мурғоб фиристода шудааст: “Бо қарори суди ноҳия шаҳрвандони чинӣ ба маблағи 2400 сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуданд”.