Дастури Убайдуллоев барои фаъолияти мураттаби корхонаҳои нақлиётӣ, алоқа, барқ, об...
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар робита ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни байналмилалии Наврӯз-2016 қарор қабул кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев дар ҷаласаи ахири худ дастур додааст, таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Душанбе 21 март тавассути “Корвони наврӯзӣ” аз маҳаллаҳои “Бадахшон”-и ноҳияи Шоҳмансур, “Куҳдоман”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, “Лучоб”-и ноҳияи Сино, шаҳраки 23-юми ноҳияи Фирдавсӣ ва намоиши театришуда дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи пойтахт” оғоз гардад.
Ба иттилои манбаъ, 22 март наврӯзии аҳли маорифи шаҳри Душанбе дар Муасисаи давлатии “Боғи пойтахт”, сайругашти оммавии наврӯзӣ дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе бо ташкили барномаҳои консертии идона ва мусобиқаи гӯштини миллӣ дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” баргузор мешавад: “23 март чорабинии идонаи наврӯзии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар Боғи устод Рӯдакӣ, майдони “800-солагии Москва”, боғҳои фарҳангу фароғатии “Кӯли ҷавонон”, “Дӯстии халқҳо” ва мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” ва 24 марти соли 2016 чорабиниҳо баҳри тақвияти тадбирҳои сабзкорӣ, ободониву созандагӣ ва ниҳолшинонӣ, мутобиқи замимаи №2, дар маҳаллаву шаҳрак, атрофи биноҳои истиқоматӣ, идора, муассиса ва корхонаҳои истеҳсолию соҳибкорӣ доир мешавад”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид кардааст, роҳбарони идора, корхона, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди Душанбе фаъолият менамоянд, то 20 марти соли 2016 ороиши наврӯзии биноҳо ва ободонии атрофи онҳоро ба анҷом расонанд. Шаҳрдори Душанбе муовинонаш, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятиро муваззаф сохтааст, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута мақомоти дахлдор шароити заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони шаҳр дар рӯзҳои ид фароҳам оварда, иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳо таъмин намоянд: “Дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои идона фаъолияти мураттаби корхонаҳои нақлиётӣ, алоқа, барқ, об ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими шаҳрро ба роҳ монанд, бо ҷалби соҳибкорон ва сарпарастон оид ба масъалаҳои ободониву ороишӣ ва таҷлили бошукуҳи ҷашн дар шаҳраку маҳаллаҳо чораҳои мушаххас андешанд, ба ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳову барҷомонда, табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, зимни аёдат ба онҳо кумакҳои моддию маънавӣ расонда, барои ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат намоянд”.