Раҳоии як сокини шаҳри Роғун пас аз мулоқоти сокинони Қалъаи Нав бо вазир
Бархе аз сокинони рустои Қалъаи Нави шаҳри Роғун аз раҳо шудани пайвандонашон хабар медиҳанд.
Ҳуринисо Салимова, як бошандаи ин деҳа 14 март ба “Озодагон” гуфт, писараш шоми дирӯз ба хона баргашт. Ӯ мегӯяд, 10 март Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон чанде аз модаронеро, ки фарзандонашон боздошт шуда буданд, ба ҳузур пазируфт ва арзу шикоятҳояшонро шунид: “Ба мо занг зада пурсиданд, ки модарон чанд нафар ҳастед? Ман ва даҳ нафар аз модаронро вазир ба назди худ даъват кард. Дар он ҷо фаҳмидам, ки писарам ҳамроҳи писари хоҳарам бо ким-кадом салафӣ салом кардааст, барои ҳамин боздошташон кардаанд. Ман гуфтам писари ман давоми даҳ моҳ набуд, ҳамагӣ шаш рӯз шуд аз Русия омадааст”.
Хонум Салимова афзуд, вазир бо онҳо хеле самимӣ суҳбат кард ва ба тамоми гуфтаҳояшон гуш дод: “Вазир бениҳоят инсони хуб будааст, дуо мекунам, ки чунин одамҳо ҳеч вақт хориро набинанд”.
Ҳуринисо Салимова мегӯяд, фарзанди ӯро шоми рӯзи якшанбе ҷавоб додаанд, аммо Афзалшо Акаев, писари 22-солаи апааш дар “СИЗО” қарор дорад: “Як сағера аст, модар надорад”.
Шаҳло Акаева, апаи Афзалшо ба “Озодагон” гуфт, даҳ рӯз қабл додарашро аз манзили ӯ бурдаанд: “Як бор ба “СИЗО” хӯракаш бурдам. Шавҳарам бемории руҳӣ дорад, ду фарзанди мактабхон дорам, имкони ҳаррӯз ба Душанбе барои хабаргирии ӯ рафтанро надорам. Додари ман гуноҳ надорад, агар гунаҳкор бошад, ман аз баҳраш мебароям”.
Хосият, як зани дигар ҳам мегӯяд, писарашро ба “СИЗО” интиқол додаанд: “Ман як писар дорам, намедонам чикор кунам. 10-11 рӯз писарамро надидаам. Ҳоло нусхаи якчанд ҳуҷҷатҳоро ба муфаттиш мебарам”.
Чоршанбеи 9 март даҳҳо нафар аз сокинони деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун дар назди бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд. Ба иддаои онҳо, даҳҳо нафар аз сокинони ин русто аз ҷониби мақомоти милиса боздошт ва ба Душанбе интиқол ёфтаанд. Миёни боздоштшудаҳо имом-хатиб ва духтури деҳа низ будаанд. Ҳуринисо Салимова, сокини деҳаи Қалъаи Нав мегӯяд, баъди боздошти Файзиддин Саидов деҳа бедухтур мондааст: “Дасташ ба ҳама мерасид, шахси хеле хуб буд. Пас аз боздошти ҷавонон фишори баъзе занҳо баланд шуд, духтуре наёфтем, ки муроҷиат кунем”.
Ӯ гуфт, ба шуниди онҳо, чанд ҷавони салафӣ ба ин духтур занг задаанд: “Агар ягон касалӣ шавад, мо ҳама ба ӯ занг мезанем, танҳо ба ӯ муроҷиат мекунем”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 10 март бо нашри як изҳорот гуфт, чанде аз сокинони шаҳри Роғун барои шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ дастгир ва баъзеи дигар барои бозпурсӣ ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ даъват карда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷалолиддин Садриддин, сухангӯи ВКД имрӯз, 14 март ба “Озодагон” иброз дошт, бо далели халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот, наметавонад дар ин мавзӯъ суҳбат кунад.