Барканории вазире, ки гуфт, паёмбар Муҳаммадро ҳам ба зиндон меандохт
Шариф Исмоил, нахуствазири Миср вазири адлияи кишварашро аз вазифа сабукдуш кардааст.
Барканории Аҳмад Зинд ба дунболи як изҳороташ дар бораи паёмбари Ислом сурат гирифтааст, хабар медиҳад The Guardian хабар додааст. Ӯ рӯзи ҷумъаи гузашта дар як барномаи телевизионӣ гуфтааст: “Худи паёмбар Муҳаммадро ҳам ба зиндон меандохтам, агар ӯ қонунро нақз мекард”.
Рӯзи шанбе Аҳмад Зинд дар як суҳбати дигари телевизониаш барои ин ҳарфҳо расман узр пурсид.
Бино ба иттилоияи ҳукумати Миср, “нахуствазир Шариф Исмоил фармони аз вазифа озод кардани вазири адлияро содир кард”. Аммо сабаби ин иқдом шарҳ дода нашудааст.