Бердимуҳаммадов дар Покистон хатти интиқоли гази ТАПҲ-ро баррасӣ мекунад
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба Покистон меравад.
Дафтари матбуоти Бердимуҳаммадов мегӯяд, ин сафар 16 март оғоз шуда, то 17 март идома мекунад: “Қарор аст, дар ҷараёни ин сафар раисиҷумҳур бо ҳамтои покистониаш дидору мулоқот кунад”.
Ба иттилои манбаъ, яке аз мавзӯъҳои аслии суҳбат сохтмони хатти интиқоли гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон (ТАПҲ) хоҳад буд.