АКС: Боғи Истаравшан кайҳост макони фароғатӣ нест
Боғи фароғатии шаҳри Истаравшан, ки замони Шӯравӣ бунёд шудааст, чанд соли охир вазъи хеле нигаронкунанда дорад.
Дарвозаи асосии он занҷирбанд буда, аз канори он роҳи вуруд гузоштаанд. Дохили ин боғро намешавад ҷойи истироҳат номид: онҷо на ҷойи нишаст ҳаст ва на қоидаҳои беҳдошт риоят мешавад. Бар илова, Боғи фароғатӣ ҷуз чанд ёдгории замони Шӯравӣ, амсоли муҷассамаи Ленин, досу болғаву ситора, чархофалаки корношоям, зоҳиран чизи дигаре надорад. Як қисмати он ба партовҷо табдил шуда, дар қисмати дигараш манзили истиқоматӣ бунёд кардаанд. Ҳамкори мо ба ин боғ рафт ва чанд акс бардошт, ки пешниҳоди хонанда мешавад.