“Истиқлол” барои рақобат бо “Нафт Алвасат” ба Теҳрон рафт
Тими “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон ба пойтахти Эрон парвоз кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти тими “Истиқлол”, бозигарони тоҷик ба хотири иштирок дар рақобати даври сеюми бозиҳои гуруҳии мусобиқоти Ҷоми Осиё- 2016 ба Теҳрон рафтаанд. Ба иттилои манбаъ, “Истиқлол” фардо, 15 март дар варзишгоҳи “Пас” бо дастаи “Нафт Алвасат”-и Ироқ қувва меозмояд.
Ин бозиро сардовари сингапурӣ Сухбир Сингх ҳакамӣ мекунад. Ҳайати “Истиқлол” дар рақобат бо“Нафт Алвасат” аз ин қабил аст: Дарвозабонҳзо: Никола Стошич ва Курбоналӣ Бобоев; Ҳимоятгарон: Ҷахонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷуӣ, Давронҷон Эргашев; Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Акмал Холматов, Нозим Бобоҷонов, Парвизҷон Умарбоев, Фаридун Шарипов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Ҷахонгир Алиев; Ҳамлагарон: Манучехр Ҷалилов, Александр Каблаш.