Русия: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамла ба соҳибкорон муттаҳам мешаванд
Пулиси Маскав аз боздошти 6 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамла ба соҳибкорон хабар медиҳад.
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, ин шаҳрвандони Тоҷикистон гуруҳи мусаллаҳ созмон дода, соҳибкорони марказҳои савдои “Масква” ва “Садовод”-ро ғорат мекардаанд. Онҳо дасти кам дар ҳашт ҳамла ба шаҳрвандони Чин айбдор мешаванд: “Алайҳи ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.