Ҷустуҷӯи зане, ки шиносашро бо корд задааст
Зани 41-солае дар шимоли Тоҷикистон аз ҷониби кормандони пулис ҷустуҷӯ мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин сокини Хуҷанд дар захмӣ кардани як марди 46-солаи маркази маъмурии вилояти Суғд муттаҳам мешавад. Ин мард ба Раёсати умури дохилии Хуҷанд омада, гуфтааст, “10 март тахминан соати 18:00 шиносаш, зани 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд вориди хонааш шуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, сипас бо корди дар дасташ буда 1 маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло ин мард дар беморхона бистарӣ буда, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот давом дорад.