Шурӯи ҷашнвораи “Рӯзҳои Ҷопон” дар Душанбе
Дар Душанбе ҷашнвораи фарҳангии “Рӯзҳои Ҷопон” ба кори худ оғоз кард.
Тавре аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, ин ҷашнвора имрӯз, 12 март дар Маркази Исмоилияи пойтахт шурӯъ гардида, то якшанбеи 13 март идома мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ин фестивал нахустин намоиши фарогири фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон буда, аз ҷониби Вазоратҳои умури хориҷиву фарҳанг ва Кумиати ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст: “Ҷашнвора соати 10:00 бо намоиши Икэбана, санъати набоботӣ, аз ҷониби Устоди расму оинҳои анъанавии ҷопонӣ хонума Ямада Мидорӣ оғоз меёбад. Ҳамзамон тамоми рӯз дар утоқҳои махсус нишондиҳии Шодо, хаттотии анъанавии ҷопонӣ ва Оригами, намудҳои гуногуни шаклсозӣ аз қоғазро наққош пешоҳанг хонума Зухро Бахрололумӣ муаррифӣ менамояд, ба марази тамошо вогузор мегарданд. Худи ҳамон ҷо утоқҳое омода мешаванд, ки тамошобин метавонад либоси суннатии ҷопонӣ Юката-ро бипушад ва бо бозичаҳои чӯбини анъанавӣ шиносоӣ пайдо кунад”.
Баъд аз зуҳри имрӯз, консертҳои Кото ва Шамисен ва намоиши муди Кимоно баргузор мешавад: “Дар рӯзи якшанбе, 13 март якчанд чорабинӣ дар идомаи рӯз баргузор хоҳанд гашт. Дар нимаи аввали рӯз намоиши кутоҳи Анимэ “Садои ситораи дур” ва дар пайомади он боз филми дигаре аз “Гулбоғи суханварӣ” нишондода мешаванд”.