Голи Ҷалилов Ҷоми ФФТ-ро ба “Регар-ТадАЗ” дод
Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бори дуюм Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.
Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шоми дирӯз, 11 март миёни тимҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд багузор шуд. Голи ягонаи бозиро Ромиш Ҷалилов, бозигари нави “Регар-ТадАЗ” дар дақиқаи 25-ум зад.
Дастаи “Вахш” дар рақобат барои ҷойи сеюм ССКА “Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.