ВИДЕО: Саргузашти Олима ва роҳи нави таъмини амният миёни Тоҷикистону Афғонистон
Созмони Милали Муттаҳид як барномааш барои рушди иҷтимоию иқтисодии навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва роҳандозии ҳамкорӣ миёни сокинони ҳар ду соҳили Панҷро беҳтарин роҳи беҳбуди зиндагӣ ва таъмини амнияти минтақа хондааст.
Дар гузориши видеоии Созмони Милали Муттаҳид аз навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, ки имрӯз, 11 март нашр гардид, оварда шудааст, ки чӣ гуна барномаҳои хурди маҳаллӣ метавонанд, ҳаёти одамонро тағйир диҳанду барои дастёбӣ ба ҳадафҳои бузурги сатҳи миллию минтақавӣ хизмат намоянд.
Дар гузориши видеоӣ баробари саргузашти нафарони дигар қазияи Олима Амирбекова, сокини 30-солаи ноҳияи Ҳамадонии Тоҷикистон оварда шудааст, ки ба далели маълулӣ худро дар ҷомеа нороҳат эҳсос мекардааст: “Аммо дар пайи омӯзиши касби дӯзандагӣ дӯстони зиёд пайдо намуда, соҳиби ҷои кор, даромад ва зиндагии беҳтар шудааст”.
Тибқи иттилои масъулини барномаи СММ тайи солҳои 2014-2017 дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон 30 лоиҳаи иқтисодию иҷтимоӣ табиқ мешаванд, ки ҳудуди 15 ҳазор нафар аз ду тарафи дарёи Панҷро бо шуғл фаро хоҳанд гирифт.
Дар маҷмуъ барнома ба беҳбуди зиндагии беш аз 1,5 миллион сокинони ду соҳили дарёи Панҷ равона шудааст.
Такаша Камада, сафири Ҷопон дар Душанбе, ки ки кишвараш яке аз ҳомиёни молии ин барнома мебошад, рушди иқтисодии навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамкории сокинонашро яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти тамоми минтақа арзёбӣ кардааст.