Вазир: Ҳидоятҳои Э.Раҳмон умеди кормандони матбуот ба ояндаи дурахшонро барафрӯхт
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносибати 11 март, Рӯзи матбуоти тоҷик, изҳор доштааст, ки воқеан, матбуоти тоҷик яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа бахусус дар даврони Истиқлолият мебошад.
Дар паёми шодбошии вазири фарҳанг, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” шуд, омадааст, ки матбуот дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати фароҳам омадани шароиту имкониятҳои озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намудааст.
Ба гуфтаи вазир ВАО-и ватанӣ имрӯз тавассути таҳлилу масъалагузориҳо, тарғибу ташвиқи дастовардҳои истиқлолият дар ҳалли умдатарин масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба халқу ҳукумат хизмат мерасонанд: “Давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин нерӯ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандагию бунёдкорӣ эътимоди қавӣ дорад”.
Орумбекзода илова намудааст, ки дастури ҳидоятҳои раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар замири ҳар як корманди матбуот оташи умеду эътимод ба ояндаи дурахшони Ватани азизамонро барафрӯхта, масъулияти онҳоро дар назди ҷомеа баҳри инъикоси воқеъбинонаи рӯйдодҳои дохилу хориҷи кишвар, расидан ба қадру манзалати сухан, озодандешӣ ва рисолати касби пурифтихори рӯзноманигорӣ дучанд мекунад.
Дар охир вазири фарҳанг изҳори умед кардааст, ки рӯзноманигорон кору эҷод, донишу малака ва қобилияти эҷодии худро мунтазам ба сӯйи ҳадафҳои неку созанда равона карда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, таҳкими сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти нангини ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.