Дастури Президент дар рӯзи матбуот: Ҷоизаи Айнӣ куҷо шуд?
Иршод Сулаймонӣ
Дар ҷашни садсолагии матбуоти тоҷик, 11 марти соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки барои қадрдонӣ аз хадамоти арзишманди ҷомеаи расонаии Тоҷикистон ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ таъсис дода шавад. Аммо бо гузашти 4 сол аз ин ҷашн ва аз ин пешниҳод то кунун ҳарфи Президент дар ҳаво мондааст. Ҳоло маълум нест, ки ин пешниҳод ва ваъдаи раисҷумҳур дар ҳузури рӯзноманигорон бо айби Датсгоҳи иҷроияи худи президент иҷро нашудааст ва ё бо ҷурми ҳукумат ва ё Вазорати фарҳанг. Вале як чиз дақиқ аст, ки ба як пешниҳоди хуб ва ҳатто хубтарини Президент беэътиноӣ сурат гирифтааст. Ман намедонам, ки масъули ҳамин кор кадом ниҳоди марбута аст ва ҳамчунин намедонам, ки барои иҷро накардани супоришҳои сардори давлат чӣ ҷазое пешбинӣ шудааст. Вале ҳатман бояд ин гуна ниҳод ва ин гуна масъулинро ҷазо дод. Зеро бо гузашти 4 сол чунин хулоса мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ин сухнанонро дар ҷашни 100-солагии матбуот танҳо барои хуш кардани рӯзноманигрон гуфтааст.
Дар ростои 104-солагии матбуоти тоҷик баҳонае барои гирифтани посух ба ин суол пайдо шуд, ки чаро чунин як иқдоми ҳамаписанд, ки намунае аз ҳамкории судманд ва арҷгузории давлат аз шоистагии вуҷуд ва саҳми расонаҳо дар роҳи рушди кишвар метавонист бошад, роҳандозӣ нашуд?
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронии хеш чунин гуфта буд: “Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва қадр кардани заҳмати дарвоқеъ душвори рӯзноманигорон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ карда шаванд. Масалан, таъсис додани ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ метавонад аз қабили ҳамин гуна тадбирҳо бошад”.
Дар Тоҷикистон ҷоизаҳои давлатӣ зиёданд. Баъзе аз ҷоизаҳо махсуси соҳаҳаҳоянд. Барои мисол Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рудакӣ, ки барои хадамоти арзишманд дар адабиёт, синамо, театр, наққошӣ, меъмории ҳунарӣ ва ғайра дода мешавад. Ҳамин тур ҷоизаҳои дигари давлатӣ дар соҳаҳаои гуногун вуҷуд дорад. Вале дар соҳаи рӯзноманигорӣ ҳеч кадом ҷоизаи давлатӣ вуҷуд надорад. Шояд раисҷумҳур ҳам бо дарки набуди чунин як ҷоиза дар соли 2012 пешниҳоди таъсиси онро дода буд. Раисҷумҳур то ҳатто мушаххас карда буд, ки ин ҷоиза ба чӣ касоне дода мешавад: “Ин ҷоиза бояд ба рӯзноманигороне супорида шавад, ки фаъолияти онҳо ба таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодии давлат ва пешрафти маънавии ҷомеа, густариши арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳангии шаҳрвандон мусоидат менамояд”.
Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон огоҳ карда буд, ки ин ҷоиза метавонад барои боло рафани ҷойгоҳи расонаҳо дар Тоҷикистон сабаб шавад ва ҳамчунин расонаҳо барои боло бурдани огоҳиҳои мардум талоши бештар бикунанд: “Фикр мекунам, ки ин тадбир минбаъд обрӯи воситаҳои ахбори омма, эътибори сухан ва суханвар, масъулияти ӯро дар назди халқу Ватани азизи мо боз ҳам баланд мебардоранд”.
Иҷро нашудани ин пешниҳоди Президент дар ҳолест, ки расонаҳои Тоҷикистон, хусусан расонаҳои мустақил соли дувум аст, ки буҳронитарин даврони мавҷудияти худро пушти сар мекунанд ва тахминҳо дар бораи аз саҳна берун рафтани чанд расона аз ҷониби коршиносони соҳа пешгӯйӣ мешавад. Ҳамчунин бар асари фишори афзоянда ва фазои номусоид дар чанд соли ахир бар асоси шохисҳои бозгӯкунадаи озодии сухан, ки ҳамасола аз ҷониби созмони Хонаи озодӣ ва ё Freedom House раддабандӣ мешавад, сатҳи озодии матбуот дар Тоҷикистон пойин меравад. Аз ҷумла соли гузашта бар асоси раддабандии Созмони Freedom House дар остонаи Рӯзи байналмилалии озодии баён Тоҷикистон миёни 199 кишвар мақоми 179-умро ишғол карда буд ва шомили кишварҳои “ноозод” гардида буд.
Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон барои такмили қонунгузории соҳа ва рушди озодии баён пешниҳод карда буд, ки моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру туҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд аз ин Кодекс ихроҷ шаванд:
“Дар қонунгузории соҳа ҳолатҳое низ ҳастанд, ки дар доираҳои рӯзноманигорон ва коршиносон боиси баҳсҳои доманадор шудаанд. Бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории ҷаҳони мутамаддин ва бо истифода аз ваколатҳои конститутсионии худ пешниҳод менамоям, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру туҳмат аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд".
Аз ин рӯ, ба Вазорати адлия супориш дода мешавад, ки лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро вобаста ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намояд”.
Хушбахтона ин пешниҳод ва супориши раисҷумҳур дар наздиктарин замони мумкин иҷро шуд. Шояд ба он хотир, ки инҷо Вазорати адлия вазифаи худро дуруст иҷро кард.
Ба ҳар ҳол Президент дар Тоҷикистон нафаре нест, ки ҳарфаш дар ҳаво боқӣ бимонад. Шояд Раёсати илму маърифати дастгоҳи иҷроия ва ё Ёрдамчии президент дар умури робита бо ҷомеа ба ин суол, ки чаро пешниҳод ва дастури Эмомалӣ Раҳмон иҷро нашуд посухе дошта бошанд. Ва ё шояд Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон равшание ба ин масъала меандозад. Ба ҳар ҳол бояд сару садоҳо ва шакку шубҳаҳоро бартараф кард.
P.S. (Ба ин пайванд\ https://prezident.tj/node/222 сар бизанед ва Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷикро мутолиа кунед ва мутаяқин шавед, ки чунин як пешниҳод ва дастур вуҷуд дошт).