Дарвозабони тоҷик ба клуби Қирғизистон пайваст
Дарвозабони 28-солаи тоҷикро ба бошгоҳи “Алай”-и Қирғизистон даъват кардаанд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, Абдуазиз Маҳкамов дар ҳайати “Алай” таҳти №1 ба майдон мебарояд.
Мавсими нави мусобиқоти Қирғизистон имрӯз, 11 март шурӯъ мешавад. Барои пирӯзӣ ҳафт даста қувва меозмоянд. Дар даври аввал клуби Маҳкамов бо “Абдиш-Ата” бозӣ мекунад.
Абдуазиз мавсими сипаришударо дар ҳайати “Хуҷанд”-и Хуҷанд ҳамчун дарвозабони эҳтиётӣ пушти сар кард. Дар гузашта, ӯ ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон ҳам даъват шуда буд, аммо боре ба майдон набаромад.