(АКС) Фурӯшандаҳои бозор: Харидоре ку?
Фурӯшандаҳои бозорҳои Душанбе аз набудани харидор шикоят мекунанд.
Хабарнигори мо рӯзи гузашта ба бозорҳои “Корвон”-у “Ганҷина” ва “Панҷшер” саре зад ва бо чанде аз савдогарон суҳбат намуд. Бештари онҳо аз набудани харидор нигаронӣ карданд. Холаи Хосамоҳ, ки дар “Корвон” савдо мекунад, мегӯяд, тиҷорат ба қавле дигар “нур” надорад: “Ҳоло харидор нест. Ҳар рӯз пули чек ва ҳар моҳ ҳаққи посбони бозору иҷорапулӣ медиҳем, ягон фоида намемонад, баръакс”.
Дилрабо дар “Ганҷина” тиҷорат дорад. Мегӯяд, баъзан ҳатто дар се рӯз ба фурухтани чизе ҳам муваффақ намешавад: “Аммо маҷбурем дар як моҳ 190 сомонӣ иҷораи бозорро супорем”.
Дар бозори “Панҷшер” низ бархе фурӯшандаҳо мегӯянд, интизори харидоранд. Ба қавли савдогарони бозор буҳрони молӣ ба тиҷораташон зарба зад ва ҳоло намедонанд чӣ кор мекунанд. Баъзеҳо ҳатто нуқтаҳои фурӯши худро бастаанд.