Маргарита Карлова: Сабзалӣ ва Мурод собит карданд, ки санъати тоҷик чист
Сабзалӣ ва Мурод Шариповҳо бо 12 мусаввараи худ иштирокдори 19-умин Намоишгоҳи байналмилалии рассомӣ -- “Манзараҳои замонаҳо” дар Русия буданд.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфтанд, тамошобинон мусаввараҳои рассомони тоҷикро гарм истиқбол карданд ва коршиносони соҳа ба онҳо баланд доданд: “Маргарита Карлова, санъатшинос ва ташкилкунандаи ин намоишгоҳ Сабзалӣ Шариповро рассоми боистеъдоди замони муосир номида, қайд кард, ки офаридаҳои беназири ӯ дар хазинаҳои рассомии Конфедератсияи байналмилалии рассомону Вазорати фарҳанги Русия нигоҳ дошта мешаванд. Сабзалӣ ва Мурод Шариповҳо дар ин намоишгоҳ собит сохтанд, ки санъати тоҷик чист ва он чи тавре қавӣ ва бузург буд, ҳамон тавр боқӣ монд”.
Манбаъ мегӯяд, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия ҳам дар ин намоишгоҳ ҳузур дошт ва ба созмондиҳандаҳои чорабинӣ барои саҳмашон дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои ИДМ изҳори сипос намуд.
Намоишгоҳи байналмилалии “Манзараҳои замонаҳо” бо ибтикори Конфедератсияи байналмилалии иттифоқи рассомон бо кумаки Вазорати умури хориҷӣ, Вазорати фарҳанг ва Академияи рассомии Русия роҳандозӣ шудааст.