Рустами Эмомалӣ коргар меҷӯяд: Маош 576-697 сомонӣ...
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон барои бахшҳояш дар Суғд ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон коргар меҷӯяд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, барои раёсати Оҷонсӣ дар ВМКБ мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати давлатии молиявӣ зарур аст. Манбаъ ҳаҷми маоши таъиншуда барои ин мақомро 697,5 сомонӣ гуфта, афзуд, ки номзад бояд таҳсилоти олии иқтисодӣ дошта бошад.
Инчунин Шуъбаи назорати давлатии молиявии раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ба як мутахассиси пешбар бо маоши 697,5 сомонӣ ва се мутахассиси қаторӣ бо маоши 576 сомонӣ ниёз дорад.
Оҷонсии зидди фасод таъкид намуд, ки коргарҳо ба ин мақомҳо тариқи озмун қабул мешаванд ва довталабони дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ бояд давоми 14 рӯзи оянда ҳуҷҷатҳояшонро ба бинои Оҷонсӣ дар хиёбони Рӯдакӣ 78 пешниҳод намоянд.
Дар феҳрасти асноди зарурӣ ариза ба унвони Рустами Эмомалӣ, роҳбари ин мақомот, варақаи баҳисобгирии кадрҳо, ҳолнома, нусхаи диплом, 2 дона расми 3х4, нусхаи билети ҳарбӣ, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, нусхаи шиноснома, маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, маълумотнома аз ҷои истиқомат, маълумотнома дар бораи ҳайати оила, хислатнома, маълумотномаи тиббии шакли муқарраргардида зикр шудаанд.
Ин ниҳод инчунин таъкид намудааст, ки барои довталабон донистани Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, санадҳои байналмиллалӣ, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, донистани забони давлатӣ ва кор бо компютер ҳатмист. Оҷонсӣ шарҳ додаст, ки барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар 2 сол собиқаи хизматӣ зарур мебошад ва довталабон метавонанд барои иттилои бештар тариқи рақамҳои 221-49-10; 227-07-85; 221-59-87 бо масъулин дар тамос шаванд.